Дар чанд ҷумла
Толибон минтақаи Имомсоҳиб, наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд

Толибони силоҳбадаст вилояти шимолии Қундузи Афғонистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад, иҳота кардаанд.
Полиси ин вилоят мегӯяд, 20-уми июн Толибон амалиёт дар Қундузро оғоз намуда, нисфирӯзии 21-уми июн маркази устонро иҳота карданд. Иномуддин Раҳмонӣ - сухангӯйи полиси Қундуз иброз дошт, ки қароргоҳи полис таҳти контроли Толибон аст ва онҳо дар масофаи тахминан як километр аз маркази маъмурии ин вилоят- шаҳри Қундуз, қарор доранд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, Толибон роҳҳои пайвасткунандаи вилояти Қундуз бо дигар манотиқи Афғонистонро зери тасарруф қарор додаанд.
Толибон ҳамчунон минтақаи Имомсоҳиб, воқеъ дар марз бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд, ки дар интиқоли молу коло аз Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Баъди оғози беруншавии нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА, Толибон даҳҳо ноҳияро ишғол намуданд. Сухангӯйи Толибон Забиҳулло Муҷоҳиб тасдиқ кард, ки минтақаи Имомсоҳиб зери назорати Толибон аст. Ӯ афзудааст, ки Толибон то ҳол амалиёт дар шаҳри Қундузро шурӯъ накардаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти касе, ки ба зиндон маблағ бурданӣ буд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як нафарро барои кӯшиши ворид кардани маблағ ба дохили маҳбас ҷазо додааст.
Ба иттилои Додгоҳи Хуҷанд, моҳи апрели имсол У.М. мехост барои дидорбинии кутоҳ ба назди ҷиянаш ба маҳбаси 3/5-и шаҳри Хуҷанд дарояд. Манбаъ мегӯяд, дар вақти ворид шудан ба зиндон, аз ҷайби ин нафар 460 сомонӣ ёфтанд.
Моддаи 472-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, "ғайриқонунӣ ворид кардани ашёи манъшуда"-ро ба зиндон ва боздоштгоҳҳо манъ кардааст. Дар ин банди қонун номгӯи "ашёи манъшуда" мушаххасан зикр нашудааст.
Дар гузориши Додгоҳи Хуҷанд аз рӯзи 23-юми июн омадааст, парвандаи маъмурӣ нисбати У.М. дар ғайби ӯ баррасӣ гардид, чун ин нафар ба додгоҳ ҳозир нашуд. Назари шахси маҳкумшуда ба иттиҳом маълум нест.
Дар Додгоҳи Хуҷанд гуфтанд, У.М. 750 сомонӣ ҷарима шуда, инчунин 460 сомониаш ҳам мусодира шудааст. Маълум нест, ин шахс аз болои ҳукм шикоят бурдааст ё не.
Ин яке аз камтарин ҳолатҳоест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон як нафарро барои кӯшиши ворид кардани маблағ ба зиндон ҷазо медиҳанд.
Тафсилоти садамаи мудҳиш дар Суғд. Ду узбекистонӣ ҳам ҷон бохтаанд

Радиои Озодӣ баъзе тафсилоти тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро ба даст овард. Пеш аз зуҳри 28-уми июн се мошин дар наздикии деҳаи Хамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам бархӯрданд. Ронандаи яке аз мошинҳо сокини Мастчоҳ, дигарӣ аз Хуҷанд ва севумӣ шаҳрванди Узбекистон будаанд.
Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, дар пайи ин сонеҳа 7 нафар ба ҳалокат расид, ки ду нафарашон ноболиғ ҳастанд. Ин наврасон шаҳрвандони Узбекистон будаанд.
"Дар ин ҳодиса се нафар захмӣ шудааст, ки як нафарашон шаҳрванди Узбекистон ва ду тани дигари сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад,"-афзуд манбаи Радиои Озодӣ.
Мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Дар як моҳи охир ин бори дувум аст, ки дар вилояти Суғд тасодуфҳои маргбор рух медиҳанд. Рузи 29-уми май дар воқеаи замсон дар ҳудуди ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов шаш нафар ҷон бохтанд.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар тасодуфҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанду ва садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Бепарвоӣ, роҳҳои нимавайрон ва риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд аз сабабҳои асосии маргумир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.
"Ду нафар ваҳшиёна кушта шуд." Эътирози Озарбойҷон аз рейди пулиси Русия

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ба амалкарди неруҳои Русия нисбати муҳоҷирони озарӣ дар Екатеринбург норозигӣ кардааст.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, 27-уми июн дар ҷараёни рейди пулиси Русия "ду озарбойҷонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуда, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Нуҳ нафар ҳам боздошт шуд."
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфтанд, Петр Волков, кордори муваққати Сафорати Русияро даъват карда, норозигии Бокуро ба ӯ расондаанд.
"Изҳори умедворӣ кардем, ки ин қазия таҳқиқ мешавад ва онҳое, ки дар ин хушунат даст доштанд, ҳарчӣ зудтар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд," - омадааст дар хабари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, амалиёт ва боздошти чанд нафар дар Екатеринбург дар доираи парвандаи ҷиноӣ анҷом шуд. Захарова афзуд, гумонбарон шаҳрвандони Русия ҳастанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, аз тариқи намояндаашон дар Боку ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон расондаанд, ки вазъият зери назорати мақомоти тафтишотӣ қарор дорад.
Нашрияи E1 гузориш додааст, ки рӯзи ҷумъаи 27-уми июн қариб 50 озарбойҷонӣ дар Екатеринбург боздошт шуданд. Ба гузориши ин манбаъ, як нафари онҳо ҳангоми боздошт ҳалок шудааст. Сабаби боздошти ӯ бемории қалб гуфта мешавад. Мақомоти Озарбойҷон аз "ваҳшиёна кушта шудан"-и ду озарӣ нигаронӣ карданд.
Эрон вуруди мудири Оҷонсии энержии атомиро манъ кард

Тасмими Эрон дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) ва манъи вуруди Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонс вокуниши Амрикоро ба миён овард.
Ноиби раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ё порлумони Эрон рӯзи 28-уми июн гуфт, ба Рафаэл Гроссӣ дигар иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ дар Ҳамадон гуфтааст, "иҷоза намедиҳем, ки Гроссӣ вориди хоки кишвар шавад."
Пеш аз ин порлумони Эрон ҳама гуна ҳамкории Теҳрон бо Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) ва вуруди нозирони ин созмонро ба Эрон манъ карда буд. Бархе намояндагони порлумони Эрон ва ҳам рӯзномаи "Кайҳон" хостори "боздошт ё эъдом (қатл)"-и Рафаэл Гроссӣ шуданд.
Вазири корҳои хориҷии Амрико ин изҳороти матраҳшударо ғайриқобили қабул хонд ва хостори маҳкумияти ин суханҳо шуд.
Марко Рубио дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт, ИМА аз назорати Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ дар Эрон ҳимоят мекунад. Рубио аз Теҳрон хост, ки амнияти нозирони Оҷонсро таъмин кунад.
Исроил аз кушта шудани як фармондеҳи "Ҳамос" хабар дод

Артиши Исроил хабар дод, ки яке аз фармондеҳони баландпояи гуруҳи "Ҳамос"-ро дар Навори Ғазза куштааст. Ба гузориши артиши Исроил, Ҳакам ал-Исо яке аз фармондеҳони асосӣ дар шохаи низомии "Ҳамос" буд ва дар ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ширкат дошт.
Гуруҳи "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, дар бораи кушта шудани ин фармондеҳаш чизе нагуфтааст.
Дар хабарномаи артиши Исроил омадааст, ал-Исо дар ҳамла ба сокинони мулкӣ ва низомиёни Исроил дар Ғазза даст дошт.
Ҷанг дар Ғазза 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи созмони фаластинии "Ҳамос" ва гурӯҳҳои ҳампаймони он ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав гирифта шуд. Амрико ва Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд. Тибқи охирин маълумот, феълан 50 гаравгон дар дасти "Ҳамос" ҳастанд ва 20 нафарашон зиндаанд.
Ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" аст, дар ҳамлаҳои Исроил то кунун дар Ғазза беш аз 56 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари ин кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Беш аз 2 миллион аҳолии ин минтақа беҷо шудаанд ва мардум аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ

Бар асари як сонеҳаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, дастикам 7 нафар ба ҳалокат расидаанд Бархе манбаъҳо шумораи ҷонбохтагонро бештар мегӯянд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, садама пеш аз зуҳри 28 июн рух дода, се мошин ба ҳам бархӯрдаанд.
Дар натиҷа, ба гуфтаи шоҳидон, бисёре аз мусофирон фавтидаанд. Бархе манбаъҳои шумораи ҷонбохтагонро 7 нафар ва бархе ҳам аз ин бештар мегӯянд. Чанд нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ронандаи яке аз мошинҳо сокини Мастчоҳ, дигарӣ аз Хуҷанд ва севумӣ шаҳрванди Узбекистон будаанд.
Дар аксҳо ва наворҳои видеоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки мошинҳои ба ҳам бархӯрда, осеби ҷиддӣ дидаанд ва мардуми зиёде дар маҳал ҳузур доранд.
То кунун дар мавриди ҳодиса ва сабабҳои сар задани он маълумоти зиёде дар даст нест. То лаҳзаи нашри ин хабар Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи он шарҳи расмӣ паҳн накардааст. На намояндагони ҳукумати Масчоҳ ва на дигар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба зангҳо ҷавоб намедиҳанд.
Бо ба даст омадани маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса Радиои Озодӣ онро нашр хоҳад кард.
Давоми як моҳи ахир ин бори дувум аст, ки дар вилояти Суғд садамаҳои маргбор рух медиҳад. Рузи 29 май бар асари чунин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаш нафар ҷон бохтанд.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанду ва садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Бепарвоӣ, роҳҳои нимавайрон ва риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд аз сабабҳои асосии маргу мир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.
Ҳалокати 11 нафар дар селобҳои Покистон

Бар асари селобҳои шадид дар минтақаҳои шимол-ғарби Покистон, дастикам 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ гуфтааст, ки дар 24 соати гузашта 11 тан, аз ҷумла занон ва кӯдакон ҷон дода ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, 10 тан аз ин қурбониён дар дараи Свот ҷон бохтаанд.
Ҳамчунин аз вайрон шудани беш аз 50 хона дар натиҷаи селоб дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ гузориш шудааст.
Идораи ҳавошиносии Покистон аз боронгариҳои шадид ва эҳтимоли сарозер шудани селоб дар чаҳор рузи оянда, ҳушдор додааст.
Покистон яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон аз тағйироти иқлимӣ аст. Миллионҳо нафар дар ин кишвар дар рӯбарӯи хатари офатҳои табиӣ қарор доранд.
Трамп: Эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар Ғазза оташбас барқарор шавад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар навори Ғазза оташбас барқарор шавад.
Президенти Амрико рузи 27 июн дар маросиме дар Кохи Сафед дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи вазъияти Ғазза гуфт, "ман қаблан бо тарафҳои даргир суҳбат кардаам. Вазъияти ваҳшатноке ҷараён дорад. Дар мавриди Ғазза суҳбат мекунем. Мо фикр мекунем, ки ҳафтаи оянда ба оташбас мерасем".
Вазорати тандурустӣ дар Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, мегӯянд, ки аз оғози ҷанг то кунун беш аз 56 ҳазор нафар кушта ва беш аз 130 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи гузоришҳо, ахиран бар ғайринизомиёни фаластинӣ, ки барои дарёфти кӯмак дар саф истода буданд, чандин бор ҳамла шудааст. Мақомҳои тандурустӣ рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки танҳо дар 24 соати гузашта, 72 тан кушта ва 174 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерз" низ аз қавли шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки дар минтақаи Рафаҳ, нерӯҳои исроилӣ бар ҳазорон ғайринизомӣ, ки мунтазири дарёфти ғизо буданд, тирандозӣ карданд.
Артиши Исроил то кунун дар ин бора вокуниш нишон надодааст.
Аз суи дигар, гурӯҳи "Ҳамос" аз Созмони Милали Муттаҳид хост, то як кумитаи байналмилалӣ барои баррасии ин тирандозӣ ташкил кунад.
Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7 октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ин рӯз гурӯҳи "Ҳамос" ва созмонҳои ҳампаймони он ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро куштанд ва беш аз 250 танро ба гарав гирифтанд. Амрико ва Аврупо "Ҳамос"-ро гурӯҳи террористӣ мехонанд.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар як солу нуҳ моҳи гузашта беш аз 56 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кудакон мебошанд.
Талошҳо барои оташбаси доимӣ ва барқарории сулҳ дар Ғазза то кунун бенатиҷа будааст.
Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон

Расонаҳои Лубнон рӯзи 27 июн аз ҳамлаи Исроил ба теппаҳои атрофи шаҳри Набтия дар 52-километрии ҷануби Бейрут, хабар доданд.
Ба гуфтаи артиши Исроил, ҳадафи ин амалиёт қароргоҳ ва анбори силоҳҳое буд, ки "Ҳизбуллоҳ" ният дошт онро бозсозӣ кунад. Сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки дар ин ҳамла "ҳеҷ сохтмони оддӣ ҳадаф набудааст".
Вазорати тандурустии Лубнон эълон кард, ки дар ин ҳамлаи артиши Исроил як зан кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, "дар ҳамлаи паҳбодии Исроил як бино дар Набтия ҳадаф қарор ва як зан кушта шуд".
Расонаҳои маҳаллӣ эълон карданд, ки сокинони шаҳри Набтия дар миёни садои таркишҳо, талош карданд, ки ба паноҳгоҳҳо бираванд.
Раисҷумҳур ва нахуствазири Лубнон ҳамлаҳои рӯзи 27 июнро маҳкум карданд ва онро нақзи оташбас байни ду кишвар хонданд.
Рӯзи 15-уми январи имсол Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" пас аз беш аз як сол ҳамлаҳои ба якдигар, бар сари оташбас тавофуқ карданд.
Эрон аз Озарбойҷон хостааст, гузориши матбуоти Исроилро таҳқиқ кунад

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон хостори таҳқиқи ин масъала шудааст, ки оё дар воқеъ Исроил барои ҳамла ба кишвараш аз қаламрави ҳавоии Озарбойҷон истифода кардааст, ё не.
Пизишкиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар рӯзи 26-уми июн аз ӯ хостааст, гузоришҳо дар бораи онро, ки паҳподҳои исроилӣ, аз ҷумла паҳподҳои хурди он ба воситаи ҳарими ҳавоии Озарбойҷон ба Эрон ворид шудаанд, “таҳқиқ ва мушаххас” кунад.
Бар асоси иттилои расмии мақомоти Эрон, Илҳом Алиев зимни гуфтугӯ ин иддаоро рад ва таъкид кардааст, ки Озарбойҷон иҷоза намедиҳад, аз қаламрави он ба зидди Эрон истифода баранд. Дар баёнияи расмии Озарбойҷон ҳеч ишорае ба гуфтаҳо ҷой дода нашудааст.
Дар ҳамин рӯз матбуоти Исроил аз қавли як мақоми номаълуми вазорати дифои ин кишвар навишт, ки артиши Исроил ҳангоми ҷанг дар ҳудуди як кишвари “наздик” ба Эрон амал мекард. Ҷузъиёте аз ин бештар дода нашудааст. Тақвияти робитаҳои Озарбойҷону Исроил аз дер боз мояи нороҳатии Эрон аст.
Ҳамкории ду тараф, бахусус дар арсаи низомӣ солҳои ахир рушд кард. Озарбойҷон ҳам соли 2023 дар Тел Авив сафорат боз кард, ки мақомоти эронӣ ба он бо шубҳа менигаранд. Бино ба гузориши Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Стокҳолм 69 дар сад аз аслиҳа ва муҳимоти ҷангии маъмулӣ, ки Озарбойҷон харидааст, сохти Исроил аст.
Аз Русия дар як сол 152 ҳазор муҳоҷирро берун кардаанд

Мақомоти Русия мегӯянд, соли 2024 ба ин кишвар бештар аз 6 миллиону 300 ҳазор муҳоҷир омадааст ва аксарияти онҳо аз Узбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон будаанд.
Юрий Коков, муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар мусоҳибае бо нашрияи “Российская газета” гуфтааст, ки бо вуҷуди муҳим будани кори хориҷиён дар Русия онҳо барои кишвар “хатарҳоеро ҳам барои амният вуҷуд меоранд.”
Ӯ ҳеч чизе дар бораи ин хатари ин муҳоҷирон нагуфта, вале афзудааст, ки соли 2024 дар кишвар 700 000 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор карда ва 152 ҳазор нафарро аз Русия берун рондаанд.
Тибқи омори гуногун дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки танҳо соли 2024 беш аз сӣ ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд.
Дар Қирғизистон барои ҳимоят аз забони қирғизӣ чанд қонун қабул карданд

Порлумони Қирғизистон бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки бар асоси онҳо бояд баъзе аз мақомоти расмӣ ҳатман забони қирғизиро бидонанд.
Дар яке аз қонунҳое, ки рӯзи 25-уми июн қабул шуд, гуфта мешавад, ки мансабдорони давлатӣ аз ҷумла, додрасу додситонҳо ва вакилони мардумӣ бояд ҳатман забони қирғизиро донанд. Ҳамчунин дар телевизион ва радиоҳои кишвар матолиб ба забони қирғизӣ набояд камтар аз 60 дар садро ташкил диҳад.
Номи маҳаллаҳои аҳолинишин низ бояд фақат ба забони қирғизӣ бошанд. Аз ин пас дар мактабҳои Қирғизистон имтиҳон аз забони давлатӣ ҳатмӣ хоҳад шуд. Нурланбек Турғунбек, раиси Маҷлиси намояндагони Қирғизистон гуфтааст, ки ҳадаф аз қабули қонун ҳимоят аз забони давлатии кишвар аст.
Ба қавли ӯ, агар давлат нисбат ба забони қирғизӣ бепарвоӣ кунад, “солҳои наздик миллат аз байн меравад.” Дар Қирғизистон забони русӣ забони расмӣ аст ва бисёре аз мардум ҳам онро медонанд. Солҳои ахир кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам барои тақвияти забони миллии худ чандин қонуну қарор қабул кардаанд ва мояи хашми мақомоти Русия шудаанд.
Ароқчӣ: зерсохтҳои ҳастаии Эрон дар ҷанг "осеби ҷиддӣ диданд"

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, дар ҷанги 12 рӯза бо Исроил, зерсохтҳои ҳастаии Эрон "осебҳои ҷиддӣ" дидааст.
Аббос Ароқчӣ шоми 26-уми июн дар як барномаи телевизионӣ гуфт, коршиносони Созмони энержи ҳастаии Эрон зарари расида ба зерсохтҳои атомиро баррасӣ доранд. Ароқчӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар танҳо гуфт, ба ин таъсисот "осеби ҷиддӣ ворид шуд."
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин гузоришҳо дар бораи музокирот бо Амрикоро рад кард. Аббос Ароқчӣ гуфт, аз замони ҳамлаи Исроил, ягон тавофуқе барои музокира бо ИМА ҳосил нашудааст. Як рӯз пеш Доналд Трамп гуфта буд, намояндагони Амрико ва Эрон ҳафтаи оянда гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар айни замон Трамп гуфт, хоҳиши музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро надорад, чун ба гуфтааш ҳамлаҳои Амрико зерсохтҳои ҳастаии Эронро аз байн бурд.
Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи номаълум навиштанд, ки бомборони се таъсисоти муҳим барномаҳои ҳастаии Эронро фақат барои чанд моҳ ақиб андохтаанд. Доналд Трамп ин хабарро рад карда гуфт, ният аз нашри ин гузоришҳо "кӯчак нишон додани яке аз муваффақтарин ҳамлаҳои низомии таърих" аст.
Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд.
Тафсилоти парвандаи "Крокус". Гумонбарон нишондоди худро дигар кардаанд

Хабаргузории ТАСС баъзе ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба "Крокус"-ро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, гумонбарони асосӣ аз нишондоди аввали худ даст кашидаанд.
ТАСС бо такя ба маводҳои парванда навиштааст, созмондиҳандагони ҳамла ба иҷрочиён, яъне ба чор шаҳрванди Тоҷикистон 1 миллион рублӣ ваъда додаанд. Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин дар аввал гуфта буданд, ки барои ҳамла ба “Крокус” ба онҳо дар умум 500 ҳазор рубл ваъда шуда буд. Бисёриҳо ба ин чиз шубҳа карданд, ки чигуна барои ним миллион рубл ин нафарон чунин кушторро анҷом додаанд?
Ба гузориши ТАСС, Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони асосӣ гуфтааст, ӯ то ҳамла ба “Крокус”, аз як фармоишгар бо номи Сайфулло тариқи ҳамёни “Сбербанк” 500 ҳазор рубл гирифта, пулро барои хариди мошин ва иҷораи хонаву хӯрок сарф кардаанд. Ин нишондод бори аввал садо медиҳад. Фаридуни Шамсиддин дар рӯзҳои аввали боздошт боздошт гуфта буд, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз "ёвари рӯҳонӣ" 500 ҳазор рубл гирифтааст. Маълум нест, ки Фаридуни Шамсиддин ва дигар гумонбарон таҳти кадом шароит нишондоди худро тағйир доданд.
Дар Тоҷикистон бисёриҳо бо ишора ба номувофиқатӣ ва эътирофҳои зери шиканҷа ба фарзияи расмии Русия шубҳа доранд.
Кумитаи тафтишотии Русия эълон кардааст, ки ҳамла ба толори консертии "Крокус" аз сӯи мақомдорони украинӣ тарҳрезӣ шудааст. Киев қаблан ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда буд. Баръакс гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри навори ҳамла, масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифт.
Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, тафтишот алайҳи ду ташкилкунандаи ин ҳамла ва чор ширкатдори эҳтимоли он идома хоҳад кард. Ин афрод таҳти таъқиб буда, вале номашон ифшо намешавад. Парвандаи ҳамла ба “Крокус” ин ҳафта ба додситонӣ фиристода шуд ва аз онҷо ба додгоҳ меравад. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. Дар доираи ин парванда 19 нафар боздошт шудаанд, ки аксарашон шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ҳамла ба "Крокус", ки моҳи марти соли 2024 иттифоқ афтод, 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид.
Расонаҳо: волии Бадахшони Афғонистон бо намояндагони Тоҷикистон вохӯрд

Волӣ ё раиси Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки зери назорати ҳукумати Толибон кор мекунад, бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон вохӯрдааст. Дар ин бора хабаргузории "Бохтар"-и Афғонистон гузориш додааст.
Ба гузориши манбаъ, Мавлавӣ Муҳаммад Холид, волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар бораи мустаҳкам кардани равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, савдо, фарҳанг, интиқолу молу коло ва амният дар сарҳад гап задаанд.
Волии Бадахшон аз намояндагони Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бештар кунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин вохӯрӣ расман хабаре надодаанд. Оҷонсии "Бохтар" навиштааст, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ваъда додаанд, ки барои "таҳкими равобит ва эҳёи эътимод миёни Афғонистон ва Тоҷикистон" талош мекунанд.
Тоҷикистон аз соли 2021 ба ин сӯ аз эътирофи расмии ҳукумати Толибон худдорӣ мекунад. Душанбе аз мунтақидони сарсахти Толибон дар солҳои гузашта буд. Вале бо вуҷуди ин танқидҳо, Тоҷикистон додугирифт, азҷумла интиқоли барқ ва содирот ба Афғонистонро дар замони ҳукумати Толибон идома дод.