Як ҳафтаи ахир даҳҳо тан ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ҳамарӯза аз 2 то 6-7 соат барқи онҳоро хомуш мекунанд. Шикоятҳо то кунун аз Панҷакент, Ваҳдат, Шаҳритус, Фархор ва ҳатто шаҳри Душанбе расидаанд.
Порлумони Тоҷикистон аз тарҳи тағйирот ба созишномае ҷонибдорӣ намуд, ки он бахшиш ё аз эътибор соқит намудани қарзи “Барқи тоҷик”-ро назди нерӯгоҳи «Сангтуда-1» ва дар иваз тамдиди муҳлати истифодаи ин нерӯгоҳро аз сӯи Русия пешбинӣ мекунад.
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо имзо шудани созиши сулҳ байни ҳукумат ва мухолифонаш дар 27 июни соли 1997 ва поёни ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст, на танҳо мавриди сипосгузорӣ аз сулҳу оромӣ мешавад, балки фоҷиаҳои гузаштаро барои баъзеҳо ёдрас мекунад.
Музаффар Давлатмиров, яке аз халифа ва ё рӯҳониёни мӯътабари пайравони мазҳаби исмоилия Вилояти Бадахшон дар зиндони Ёвон даргузаштааст.
Додситонии Амрико эълон кард, ки ду фарди муттаҳам ба қочоқи инсон, ки онҳоро қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон ном бурда буданд, шаҳрвандони Узбекистон будаанд.
Гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июн бо нашри як муроҷиатномаи муштарак аз ҳукуматҳои минтақа хостаанд, барои маҳви шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониёну боздоштшудагон чораҳои фаврӣ биандешанд.
Дар Амрико ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба талош барои ғайриқонунӣ ба Амрико овардани хориҷиён ва бо ҳадафи дарёфти фоидаи молӣ боздошт кардаанд.
Хадамоти Муҳоҷирати Литва хостори бастани маркази визадиҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст.
Бо гузашти панҷ рӯз аз оташ гирифтану нобуд шудани як тарабхонаи маъруфи шаҳри Хуҷанд мақомоти идораи оташнишонӣ хисороти расида ба ин тарабхона эълон карданд.
Дар Тоҷикистон маблағи сабтиноми ҳизб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагии созмонҳои байнулмилалӣ ду баробар зиёд мешавад.
Як қоидаи нав, ки аз 30-юми ҳамин моҳ дар Русия ба иҷро медарояд арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русияро то панҷ ва ҳафт ҳазор сомонӣ боло бурдааст.
Як корманди собиқи вазорати корҳои дохилӣ, ки аз кор озод шудааст, мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунанд, зеро рафтори вазорат бо ӯ бар хилофи қонун будааст.
Ёфтҳои бештар