Президенти Амрико Доналд Трамп аз лоиҳаи қонун дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия, ҷонибдорӣ кардааст. Дар ин бора сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм дар суҳбат бо телевизиони ABC хабар додааст.
"Дирӯз бори аввал президент ба ман гуфт, вақти он расидааст, ки ин лоиҳаро пеш барем,"-гуфт Грэм ва илова кард, ки сенаторҳо ба президент Трамп роҳкоре медиҳанд, ки Владимир Путинро барои музокира бо Украина маҷбур кунад.
Ба гуфтаи Линдси Грэм, таҳримҳои нав пешбинӣ мекунанд, ки кишварҳо дар сурати аз Русия молу маҳслуот харидан, бояд ба Украина кумак кунанд. Агар давлатҳо ин корро накунанд, ба маҳсулоти содиротии онҳо ба ИМА 500 дарсад боҷи гумрукӣ баста мешавад.
Ба гуфтаи Грэм, аз 100 сенатор 84 нафар аз лоиҳаи қонун пуштибонӣ кардаанд.
Манобеи Wall Street Journal навиштаанд, Кохи Сафед талош мекунад Линдси Грэмро водор кунад, ки лоиҳаи қонуни таҳримҳо алайҳи Русияро сабуктар кунад.
Аз замони оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Укрина дар моҳи феврали соли 2022, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико алайҳи Маскав таҳримҳои сангине ҷорӣ карданд.