Бо гузашти камтар аз як ҳафтаи оташбас миёни Исроил ва Эрон, баъзе расонаҳои Исроил иддао карданд, ки артиш ва ҳукумати ин кишвар ба ҷанги нав зидди Эрон омода мешаванд.
Сомонаи иқтисодии исроилӣ Calcalist 29-уми июн навишт, ки ба ниҳодҳои дифои Исроил равшан аст, ки бояд ба даври дигари ҷанг бо Эрон омода бошанд.
Ба гузориши Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, раҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони аршади низомии Эрон низ гуфтанд, ки ба оташбас бо Исроил итминон надоранд. Муҳаммадризо Нақдӣ, муовини ҳамоҳангсози Сипоҳи посдорони инқилоб, 28-уми июн дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Эрон гуфт, " дастони мо барои зарба задан ба душман "пур" аст.
Эрон ва Исроил рӯзи 24-уми июн ва пас як ҷанги 12 рӯза оташбас карданд. Ҳарду тараф борҳо ҳамдигарро ба вайрон кардани он муттаҳам кардаанд.
Рӯзи 13-уми июн Исроил ба Эрон ҳамлаҳои ғофилгиронае анҷом дод ва таъсисоти атомиву донишмандони ҳастаии кишвар ва фармондеҳони низомиашро ҳадаф гирифт. Рӯзи 22-уми июн Амрико ҳам ба ин ҳамлаҳо пайваст ва ба се таъсисоти муҳими атомии Эрон бомбаҳои азиме андохт. Дар посух Эрон ба ду пойгоҳи Амрико дар Қатар ва Ироқ мушак партофт, ҳарчанд мақомоти Қатар гуфтанд, ин ҳамлаҳо хисороте дар пай надоштанд.