Исроил аз кушта шудани як фармондеҳи "Ҳамос" хабар дод

Артиши Исроил хабар дод, ки яке аз фармондеҳони баландпояи гуруҳи "Ҳамос"-ро дар Навори Ғазза куштааст. Ба гузориши артиши Исроил, Ҳакам ал-Исо яке аз фармондеҳони асосӣ дар шохаи низомии "Ҳамос" буд ва дар ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ширкат дошт.

Гуруҳи "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, дар бораи кушта шудани ин фармондеҳаш чизе нагуфтааст.

Дар хабарномаи артиши Исроил омадааст, ал-Исо дар ҳамла ба сокинони мулкӣ ва низомиёни Исроил дар Ғазза даст дошт.

Ҷанг дар Ғазза 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи созмони фаластинии "Ҳамос" ва гурӯҳҳои ҳампаймони он ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав гирифта шуд. Амрико ва Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд. Тибқи охирин маълумот, феълан 50 гаравгон дар дасти "Ҳамос" ҳастанд ва 20 нафарашон зиндаанд.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" аст, дар ҳамлаҳои Исроил то кунун дар Ғазза беш аз 56 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари ин кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Беш аз 2 миллион аҳолии ин минтақа беҷо шудаанд ва мардум аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ ранҷ мебаранд.