"Фарзандонамро баргардон." Талаби як зани муҳоҷир аз шавҳараш

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як зани тоҷик мегӯяд, ду сол пеш аз Русия ихроҷ шуд ва дар ин муддат шавҳараш иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконаш бо ӯ  тамос гиранд. Шавҳар ва кӯдакони ин зан дар Русия мондаанд. Шавҳараш мегӯяд, ба тамоси кӯдакон бо модар зид нест, вале ба Тоҷикистон бурдани онҳоро мақомоти Русия иҷоза надодааст.